Ссылки доступа

Эрдуғон дар Туркия вазъи фавқулодда эълон кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар кишвараш се моҳ вазъи фавқулода эълон кард.

Вай дар ин бора 20 июл тариқи пахши мустақим ҳангоми мулоқот бо Девони вазиронаш ва Шӯрои амнияти миллии Туркия, ки дар шаҳри Анқара баргузор шуд, хабар дод. Ин тасими Эрдуғон баъди кӯшиши табаддулоти шаби 15 июл аст.

Қаблан Раҷаб Эрдуғон дар суҳбат бо телевизиони "Al Jazeera" гуфта буд, ки эҳтимолан дар табаддулот кишварҳои хориҷӣ даст доранд. Аммо аз бурдани номи кишваре худдорӣ намуд. Вай гуфт, табаддулот кори созмони зери раҳбарии Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турки муқими ИМА аст.

Эрдуғон ҳамчунин пешбиниҳоро дар бораи он ки демократияи Туркия зери хатар қарор мегираду ӯ ҳокими худкома хоҳад шуд, рад кард. "Мо дар чаҳорчӯби низоми порлумонии демократӣ боқӣ мемонем ва ҳаргиз аз он даст нахоҳем кашид", - таъкид кардааст президенти Туркия.

Вай гуфт, тадбирҳои порлумон барои барқарор кардани ҳукми қатл дар Туркияро агар чӣ имконияти ворид шудани кишвараш ба Иттиҳоди Аврупоро зери суол бибарад, қабул хоҳад кард.

Вазирони корҳои хориҷии як қатор кишварҳо 20 июл дар Вашингтон аз саркӯбҳои оммавии мақомоти турк баъди кӯшиши табаддулот нигаронӣ карда, ҳукумати Туркияро даъват карданд, ки ба волоияти қонун эҳтиром бигузорад.

XS
SM
MD
LG