Ссылки доступа

Бинои "ЦУМ" дар маркази Душанбе тахриб мешавад


Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, рӯзи 20 июл гуфт, бар пояи Нақшаи генералии Душанбе бинои “Маркази савдои Тоҷикистон” (собиқ Фурӯшгоҳи марказӣ ё ЦУМ) вайрон шуда ва ба ҷояш бинои баландошёнаи бисёрсоҳа бунёд хоҳад шуд.

"Ҳоло ин бино ба ихтиёри Дастгоҳи президент гузаштааст. Ҳозир лоиҳаи азнавсозии "Маркази савдои Тоҷикистон" таҳия шудааст. Тибқи нақшаи бозсозии маҳал, ки кӯчаҳои маркази шаҳрро дар бар мегирад, дар оянда ин бино вайрон хоҳад шуд",- гуфт Аҳмадзода.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар робита ба замони тахриби ин бино ва ба ҷои он бунёд шудани сохтмони нав афзуд, ин кор пас аз поёни бӯҳрон ва пайдо шудани пул дар буҷет анҷом хоҳад шуд.

Фурӯшгоҳи марказии Душанбе дар маркази пойтахт, иборат аз 3 қабат ҳанӯз соли 1960 сохта шуда, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ як макони асосии хариди мардуми чӣ Душанбе ва чӣ меҳмонони шаҳр аз манотиқи мухталифи кишвар дониста мешуд. Кормандони он ҳанӯз дар соли 1993 бо истифода аз қонунҳои навҷоришудаи иқтисоди бозорӣ, ки як рукни асосиаш хусусӣ кардани корхонаҳои давлатӣ буд, Фурӯшгоҳи марказии Душанберо хусусӣ карданд.

Аммо бо гузашти 23 сол аз ин хусусигардонӣ мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин фурӯшгоҳ дар соли 1993, дар авҷи ҳарҷу марҷҳо, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, хариду фурӯш шудааст. Баъди иваз шудани чанд соҳибмулк, 19 феврали соли ҷорӣ, бо фармони ҳукумат дубора молики Маркази савдои Тоҷикистон иваз шуд ва мудирияти он ба ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи президент дода шуд.

XS
SM
MD
LG