Ссылки доступа

Ӯзбекистон мухолифаташро ба сохтмони Роғун идома медиҳад


Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, дар як номаи расмӣ ба унвонии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, аз имзои қарордоди Душанбе бо ширкати итолиёии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo S.p.A) барои сохтмони Роғун нигаронӣ кардааст.

Мирзиёев дар номаи худ, ки ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон, рӯзи 19 июл фиристода шудааст, гуфтааст, Тоҷикистон бе сохтмони Роғун низ имкони ҳалли мушкили бебарқӣ дар кишварро дорад ва бояд аз роҳҳои бехатар кор гирад.

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон нагуфтаанд, ки оё ин номаи нахуствазири Узбакистонро гирифтаанд, ё на ва ҷавобаш чӣ хоҳад буд. Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар сурати дастрас шудани номаи Шавкат Мирзиёев мақомоти тоҷик онро баррасӣ карда, баъдан мавқеи худро рӯшан хоҳанд кард. Шавкат Мирзиёев дар номааш гуфтааст, "исрори ҳукумати Тоҷикистон, ки талош дорад, бо ҳар роҳе набошад сохтмони Роғунро идома диҳад ва оқибатҳои ҷуброннопазири чунин қадамҳо водор мекунад, ки бонги хатар зада шавад".

"Як қатор пажӯҳишҳо дар макони сохтмон, аз ҷумла маҷмӯи таҳқиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд ва исбот кард, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба минтақаи Осиёи Марказӣ хатари бузурге дар пай дорад ва ин чиз дар изҳоротҳои раҳбарият ва коршиносони ҳамсоякишварҳо борҳо зикр ва ҳукумати Тоҷикистон хуб огоҳонида шудааст. Маҳз ба хотири ин хатарҳои хатарҳои технологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин тарҳ Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорияш даст кашид", - менависад Мирзиёев.

Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки “маргу зиндагӣ” барои кишвар медонад, рӯзи 1 июли соли ҷорӣ ба ширкати итолиёии ​“Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA) бовар кард ва созишномаро дар Душанбе ба имзо расонд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Salini Impregilo баъди ҳамагӣ як ҳафтаи имзои қарордод дар бораи сохтмони Роғун эълон кард, ки ду чархаи аввали нерӯгоҳро дар соли 2018 ба кор хоҳад даровард.

XS
SM
MD
LG