Ссылки доступа

Пулиси Ереван эътирозгаронро пароканда кард (видео)


Пулиси Ереван субҳи панҷшанбе эътирозгарони назди бинои шуъбаи корҳои дохилиро, ки 17 июл аз сӯи ҷонибдорони ҳаракати “Маҷлиси муассисон” ғасб шудааст, пароканда намуданд.

Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ хабар додааст. Пулис пешакӣ эътирозгаронро огоҳ кард, ки барои ин кор омодагӣ мебинад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Новости – Армения”, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ереван аз маводи махсус кор нагирифтаанд. Бар пояи маълумоти тасдиқношуда, беш аз 50 нафар, тақрибан ҳамаи онҳое, ки баъди гирдиҳамоии дирӯз дар макони ҳодиса боқӣ монданд, дастгир шудаанд.

Ахиран дар ноҳияи Эребуни Ереван, ки онҷо фаъолон бинои шуъбаи корҳои дохилиро ғасб кардаанд, миёни кормандони пулис ва тазоҳургарон задухурд сурат гирифт. Иштирокдорони таҷаммуъ ба сӯи кормандони пулис санг ҳаво дода, дар натиҷа мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ереван барои пароканда кардани таҷаммуъгарон аз гази ашковару норинҷакҳои садоафкан кор гирифтаанд ва то нимашаб вазъро зери назорати худ қарор додаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Арманистон, дар пайи ин задухурд беш аз 45 захмӣ ба беморхона интиқол ёфтааст, ки миёнашон 25 корманди пулису дасти кам 18 сокини осоишта аст.

Субҳи 17 июл ҷонибдорони мусаллаҳи Жирайр Сефилян - ҳамоҳангсози Ҳизби мухолифи “Маҷлиси муассисон” дар Ереван ба шуъбаи корҳои дохилӣ ҳамла ва кормандони пулисро ба гарав гирифтанд. Дар натиҷа муовини сардори шуъба Артур Ваноян кушта ва чаҳор корманди пулис захмӣ шуданд. Ҳамлагарон талаб доранд, Сефилян, ки моҳи дувум аст, бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дар ҳабс қарор дорад ва ҷонибдоронаш ӯро маҳбусӣ сиёсӣ медонанд, озод шавад.

Дар рафти гуфтушуниди рӯзҳои душанбею сешанбе бо ҳамлагарон чанд тан аз гаравгонҳо озод карда шуд.

XS
SM
MD
LG