Ссылки доступа

Аз Назарбоев мехоҳанд, қазияи Матаевро шахсан назорат кунад


Фаъолони ҷамъиятии Қазоқистон ба президент Нурсултон Назарбоев муроҷиат карда, хоҳиш кардаанд, ки раванди тафтиши парвандаи ҷиноии Саидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони ин кишварро шахсан назорат кунад.

Зери ин муроҷиатнома сароянда Бибигул Тулегенова, шоир Олжас Сулаймонов, раиси созмони ҳимоят аз расонаҳо - “Одил соз”, сармоягузор Ораз Жандосов, ҳунарманд Асаналӣ Ашимов, нависандагон Мурод Ауэзову Мухтор Шаханов ва коргардон Ермек Турсунов имзо гузоштаанд.

Муаллифони муроҷиатнома гуфтаанд, қасди баҳо додан ба кори муфаттишон, додситонӣ ва додгоҳро надоранд. Аммо бовар доранд, ки “Матаев метавонад, бегуноҳияшро исбот кунад. Матаев бо айбе, ки зиддаш эълон шудааст, норозисту омодааст, аз обрӯю шарафаш дар додгоҳ ҳимоят кунад”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Саидқозӣ Матаев аз 24 феврали соли равон инҷониб ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Охирҳои моҳи март писараш Асен ҳам ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Асен муассисӣ хабаргузории КазТАГ буд. Дар ибтидо падару писарро дар дӯздии маблағи буҷа дар ҳаҷми ниҳоят калон ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор мекарданд. Матаев комилан ин айбҳоро рад мекунад.

Моҳи май кумитаи дифоъ аз Саидқозӣ Матаев хабар дод, ки айбномаи раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистонро ба моддаи сабуктаре тағйир доданд. Дар робита ба парвандаи писараш низ ин гуна тасмим гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG