Ссылки доступа

Дар Марви Туркманистон пеш аз омадани президент сагҳоро мепарронанд


Парронидани сагҳо, бозхонди омӯзгорон аз рухсатӣ, шустани кӯчаҳои марказӣ, афзудани шумори пулис ва низомиён - аз нишонаҳои воқеии омад-омади президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин ё он гӯшаи кишвараш аст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Шаби гузашта дар бисёре аз минтақаҳои маркази маъмурии вилояти Марви Туркманистон садои тирпарронӣ шунида шудааст. Онҷо сагҳои дайдуро парронидаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, садои тирпарронӣ танҳо соати 4 субҳ хомӯш шудааст. Сар аз рӯзи якшанбе роҳҳои марказӣ барои тамрини низомиён ва пулис баста шудааст.

Ҳамаи кормандони идораҳои буҷавӣ, пеш аз ҳама омӯзгорон ва табибон аз рухсатии меҳнатӣ бозхонд шудаанд. Онҳо дастур гирифтаанд, ки давоми рӯзҳои оянда аз субҳ то шом дар коргоҳ бошанд.

Ба зами ин, ҳар омӯзгор дастур гирифтааст, ки панҷ хонандаро дар ҳолати омадбош "зери даст дошта бошад", то дар вақти зарурӣ бо либоси расмӣ ба пешвози президент барояд.

Баъди ҳодисаи фоҷиавӣ дар вилояти Марв, ки кӯдакон ҳангоми пешвози президент кушта шуданд, мақомот дигар аз баҳри гирдоварии дастаҷамъии кӯдакон ба чунин чорабиниҳо даст кашиданд, аммо амалан наметавонанд комилан аз баҳри ширкати кӯдакон бигзаранд.

XS
SM
MD
LG