Ссылки доступа

ИМА дар таҳқиқи қатли Павел Шеремет ба Украина кумак мерасонад


ИМА аз шунидани хабари куштори рӯзноманигор Павел Шеремет дар Киев "ҳайратзада ва ғамнок" шудааст, мегӯяд сухангӯи департаменти давлатии ин кишвар Ҷон Кирби.

ИМА бо ҳукумати Украина ҳамраъй аст ва аз баргузории таҳқиқоти беғаразонаи марги рӯзноманигор пуштибонӣ мекунад.

Департаменти давлатии ИМА аз нақши калидии Павел Шеремет дар пуштибонӣ аз демократияи Украина ёдовар шудааст. Чунин ҷиноятҳо "дар ҷамъияти озоду демократӣ ғайри қобили қабул аст", зикр мешавад дар изҳороти департаменти давлатӣ.

Идораи федеролии таҳқиқотӣ аллакай барои таҳқиқи қатли рӯзноманигор бо ҳукумати Украина вориди ҳамкорӣ шудааст. Ҷон Кирби ба наздикон ва ҳамкорони Павел Шеремет изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Пештар аз ин мушовири вазири корҳои дохилии Украина Зорян Шкиряк гуфт, дар таркиши бомб дар Киев, ки дар натиҷа рӯзноманигори белорус Павел Шеремет кушта шуд, мумкин аст мақомоти махсуси Русия даст дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG