Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки ба сарояндаи ӯзбек шаҳрвандӣ дода шавад


Корбарони бахши қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ барои пуштибонӣ аз узви тими КВН "Азия MIX"-и Бишкек, сарояндаи ӯзбек Ситора Фармонова маъракаеро роҳандозӣ карда, пешниҳод доранд, ки ба вай шаҳрвандии Қирғизистон дода шавад.

"Ҳамватанони муҳтарам, биёед дар якҷоягӣ аз Ситора Фармонова, узви дурахшони тими "Азия MIX" пуштибонӣ кунем. Тими мо чанде қабл дар ҷашнвораи "КиВиН-и нолон" пирӯз шуд. Ман бар ин назарам, ки бояд ба Ситора Фармонова шаҳрвандии Қирғизистон дода шавад. Муҳтарам Алмосбек Шаршенович, хоҳиш мекунам, шаҳрвандии Қирғизистонро ба ӯ бидиҳед", - навиштааст яке аз фаъолони ҷамъиятии Қирғизистон Темирлан Аскаров.

Иттифоқи овозхонони "Ӯзбекнаво" иҷозатномаи фаъолияти эҷодии сароянда ва бозигар Ситора Фармоноваро дар Ӯзбекистон бекор кард. Дар хабари "Ӯзбекнаво" омадааст, ки шартнома бо сароянда ба хотири вайрон кардани меъёрҳои иттифоқи овозхонон бекор карда мешавад.

Худи Фармонова мегӯяд, муҳлати шартномааш ба охир расидааст. Фармонова мегӯяд, барои тамдиди шартномааш муроҷиат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, корбарони бахши ӯзбекии шабакаҳои иҷтимоӣ аз он норозианд, ки Ситора дар КВН дар ҳайати тими қирғизӣ баромад мекунад.

XS
SM
MD
LG