Ссылки доступа

Шаҳноз барои тоҷи "Мисс СММ-2016" мубориза мебарад (видео)


Тоҷикдухтар Шаҳноз Эроншоҳ ба даври ниҳоии озмуни "Мисс СММ-2016" роҳ ёфтааст. Вай аз номи Тоҷикистон баромад мекунад.

Натиҷаҳои озмун, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷараён дорад, 12 август рӯшан мегардад. Озмун ҳамасола бо иштироки намояндагони кишварҳо ва фарҳангҳои мухталиф баргузор мешавад. Шаҳноз дар ИМА ба сар мебарад. Вай коллеҷи шаҳрии Ню-Йоркро бо ихтисоси санъати бадеӣ хатм кардааст.

Шаҳноз зодаи шаҳри Душанбе буда, бо аҳли хонаводааш дар дусолагӣ ба Русия кӯчид ва то 18-солагӣ он ҷо зиндагӣ кард. Ва акнун дар ИМА ба сар мебарад. Зимнан, соли 2011 намояндаи Тоҷикистон Нилуфар Шерзод тоҷи ин озмунро ба сар ниҳода буд.

Дар бораи озмуни СММ, рафтани Шаҳноз ба СММ ва ғайра вай дар ин суҳбати видеоӣ аз Ню-Йорк нақл мекунад.

XS
SM
MD
LG