Ссылки доступа

Дар фурудгоҳи Оқтеппа ҳавопаймоҳои ҷангӣ фуруд меоянд


Мақомоти Оқтеппаи Қазоқистон сокинонро огаҳ кардаанд, ки дар фурудгоҳи ин шаҳр ҳавопаймоҳои ҷангӣ фуруд хоҳанд омад.

"Аз 20 то 26 июли соли равон тавассути фурудгоҳи шаҳри Оқтеппа парвози ҳавопаймоҳои борбару ҷангӣ сурат мегирад", омадааст дар иттилоияи "Актобе акпарат". Бар пояи иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи Оқтеппа ҳавопаймоҳое ба замин хоҳанд нишаст, ки барои иштирок дар як чорабинии низомӣ ба Русия парвоз мекунанд.

Бино ба гуфтаи раҳбарияти Институти нерӯҳои мудофиаи ҳавоии ба номи Талгат Бегелдинови Қазоқистон, ҳавопаймоҳои борбару ҷангии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар Бозиҳои байналмилалии низомии "АрМИ-2016"-и Русия иштирок хоҳанд кард.

Мақомот гуфтаанд, "ҳадафи ин огаҳӣ пешгирӣ аз паҳни иттилои бардурӯғу ҳаннотӣ миёни сокинон ва меҳмонони шаҳр аст".

XS
SM
MD
LG