Ссылки доступа

Қирғизистон: 12 ҳазор ҳолати "арӯсрабоӣ" дар як сол


Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳамасола дар Қирғизистон 12 ҳазор духтар барои издивоҷи маҷбурӣ дӯздида мешавад. Наздики 2,5 ҳазор духтари дигар бо хушунати ҷинсӣ мувоҷеҳ мегардад.

Бино ба иттилои СММ, дар ин кишвар ҳар сол беш аз 3 ҳазор ҷиноятҳои зидди занон, аз ҷумла таҷовуз ба номус, расонидани зарари ҷисмонӣ, латту кӯб, бадрафторӣ ва издивоҷи маҷбурӣ сурат мегирад.

Бар пояи омори расмӣ, 2 миллиону 897 нафари аҳолии Қирғизистонро занҳо ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби пажӯҳишгарони байналмилалӣ, беш аз 150 ҳазор зан дар Қирғизистон барои бастани ақди никоҳи иҷборӣ дӯздида шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бозорқӯрғони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ахиран дар робита ба як ҳолати арӯсрабоӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Модар ва наздикони Айнураи 20-сола хоҳиши духтарашонро ба назар нагирифта, ба марде медиҳанд, ки қаблан издивоҷи номуваффақ доштааст. Айнура маҷбур мешавад, аз дугонааш Ойгул Аблаева, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, кумак пурсад.

Айнура ба хотири тарс аз норозигии наздиконаш мегӯяд, зидди касе даъво надорад. Ҳоло ӯ дар манзили дӯстонаш зиндагӣ мекунад. Наздикони духтар кормандони пулисро дар он айбдор мекунанд, ки ба ҳайёти шахсияшон дахолат кардаанд ва аз ин рӯ, аз болояшон ба ниҳодҳои дигари дахлдор шикоят хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG