Ссылки доступа

Дар Ереван дубора садҳо нафар ҷамъ омаданд


Дар Ереван садҳо нафар боз дар наздикии бинои шуъбаи корҳои дохилии ғасбшудаи ноҳияи Эребун ҷамъ омадаанд. Дар ин бора хабарнигори "Интерфакс" иттилоъ медиҳад.

Тазоҳургарон ба ҷонибдорӣ аз гуруҳи мусаллаҳи "Сосунони шуҷоъ" шиор мепартоянд ва талаб доранд, ки президенти Арманистон ба истеъфо равад. Ҳамчунин ихтиёриёнро барои нигаҳдории муҳаррики дизелӣ, микрафон ва садодиҳандаҳо даъват кардаанд.

Кормандони пулис то ҳол аз иқдоме кор нагирифтаанд. Тавре шоҳидон мегӯянд, аз ҷониби ишғолгарони шуъбаи корҳои дохили садои тир баланд шудааст. Фаъолон гуфтаанд, гуруҳи мусаллаҳ бо ин кор ҷонибдорияшон аз онҳоро нишон медиҳанд.

Рӯзи панҷшанбе дар Ереван 136 сокин баъди рӯёрӯӣ бо пулис ва ширкатдорони эътирози назди бинои пулис боздошт шуд. Тавре Кумитаи тафтишотии Арманистон хабар медиҳад, боздоштшудаҳоро дар иштироки бетартибиҳои оммавӣ айбдор мекунанд.

Шаби чаҳоршанбе дар Ереван эътирозгарон сӯи пулис сангандозӣ карданд. Барои пароканда кардани ҷамъомадагон пулис бомбаҳои садоафкан, гази ашковар истифода бурд. Тибқи иттилои расмӣ, наздики 50 нафар ҷароҳат бардоштааст, ки миёнашон 25 пулис ҳаст. Субҳи 17 июл як гуруҳи мусаллаҳ идораи пулиси ноҳияи Эребуни Ереванро ғасб карданд. Онҳо як полковники пулисро кушта, чаҳор пулиси дигарро захмӣ карданд.

XS
SM
MD
LG