Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ба занҳои "сабукпо" дарсҳои ахлоқӣ омӯзонанд


Дар вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки рӯйхати занҳои ба истилоҳ "сабукпо"-ро дар ин минтақа тартиб диҳанд.

Ин зарурат ба гуфтаи мақомот, барои он пеш омадааст, ки тавонанд барои занҳои мазкур ҷои кори “шоиста” пешниҳод кунанд ва аз ҳодисаҳои танфурӯшӣ пешгирӣ шавад.

Иқдоми мазкур ташаббуси Раёсати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон аст. Ба гуфтаи пулиси Хатлон, дар шаш моҳи имсол 571 зан ба ҳайси танфурӯш сабти ном шудааст.

Хайриддин Шокирзода, сардори бахши кофтукоби РКД Хатлон рӯзи 21 июл дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ин занҳо дар меҳмонхонаву клубҳои шабона “ҳангоми танфурӯшӣ” боздошт гардидаанд. Ба гуфтаи ӯ, акс ва изи панҷаҳои ҳар як зан гирифта шуда, дар баробари ному насабаш ҳифз мешавад.

Санавбар Самиева, сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи Хатлон мегӯяд, ташаббуси онҳо барои барӯйхатгирии занҳои танфурӯш натиҷа медиҳад ва намояндагони ҳукумат ва пулис пеш аз ҳама бо ин қишр сӯҳбатҳои ахлоқӣ мекунанд, то ки онҳоро, ба гуфтаашон, аз роҳи бад баргардонанд. Ба қавли Самиева, ба ин занҳо курсҳои омӯзишию баъдан кор дар соҳаи хизматрасонӣ пешниҳод мешавад.

Аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, пешниҳоди танҳо ҷойи кор наметавонад, ин мушкилро ҳал кунад: “Чанд соли пеш ҳамин занонро бо дӯзандагӣ ҷалб мекардем, ки зиндагиашон пеш равад. Вале барои ҳар яки онҳо кори хуб лозим аст, ки маоши хуб дошта бошад. Онҳо бо 100 ё 150 сомонӣ наметавонанд зиндагиро пеш баранд, аз ҳамин сабаб боз ба ҳамин роҳ мераванд”.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 октябри соли гузашта бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо сангинтар карда, маблағи ҷаримаро барои ин навъи қонуншиканӣ ду баробар боло бурд.

XS
SM
MD
LG