Ссылки доступа

Дар Қирғизистон насби лавҳаҳои баҳсбарангезро идома медиҳанд


Дар саросари Қирғизистон лавҳаҳоеро бо навиштаи "Кайран элим, кайда баратабыз?" (Миллати бечораи ман, мо ба куҷо равонаем?), ки мавзуи баҳсҳои тунд дар ҷомеаи ин кишвар гаштааст, насб менамоянд.

Бино ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, то имрӯз ин гуна лавҳаҳо дар шаҳрҳои Чолпон-Ота, Талас ва Норин насб гардидаанд. Ҳамингуна лавҳаҳо дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Бишкек ҳанӯз 12 июл пайдо шуда буданд. Дар онҳо акси занҳое дида мешавад, ки либоси миллии қирғизӣ дар тан ё ҳиҷоб бар сар доранд. Зери лавҳаҳо навишта шудааст, "Миллати бечораи ман, мо ба куҷо равонаем?".

Ин лавҳаҳо ҳоло ҷомеаи Қирғизистонро дар ду сангар қарор додааст, ки бархе аз ин идея ҳимоят мекунанд ва бархеи дигар мухолифат меварзанд.

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ҳафтаи гузашта зимни як нишасти хабарӣ бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар Бишкек гуфт, лавҳаҳои мазкур дар саросари кишвараш насб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Отамбоев, вай дастгоҳи иҷроияашро вазифадор кардааст, то ба ташкилотҳои насбкунандаи ин лавҳаҳо кумаки молӣ расонад.

"Зери ниқоби дин фарҳанги бегонаро ба мо набояд таҳмил кард. Ин гуна лавҳаҳо барои мо заруранд. Дар онҳо дар ҳаққи касе чизи баде гуфта нашудааст. Танҳо аксест, ки дар он суолгузорӣ шудааст: "Куҷо меравем ва ба куҷо бояд рафт?"

XS
SM
MD
LG