Ссылки доступа

Даъват аз додситонҳои Қазоқистон: инсондӯст бошед!


Жакип Асанов, додситони кулли Қазоқистон кормандони додситониҳои кишварашро даъват кард, аз ҳукмҳои сафедкунанда ҳарос надошта бошанд.

Бино ба иттилои хабаргузории "Новости-Казахстан", Асанов зимни ҷаласаи додситонҳо дар шаҳри Остона содир шудани ин гуна ҳукмҳоро "зуҳуроти муқаррарӣ" хонд.

"Дар мо одат шудааст, ки агар парвандаро ба додгоҳ фиристодем, талош мекунем, то гумонбар бояд муҷозот шавад. Маҳз ҳамин чиз нақши додситонӣ дар ҳифзи ҳуқуқро зери суол бурда, онро дар чашми шаҳрвандон як ниҳоди ҷазодиҳанда нишон медиҳад ва аз ин ҷо нигоҳи манфӣ ба ВАО роҳ меёбад", - изҳор доштааст Асанов.

Вай афзуд, ки додситонҳо ба далели фишор аз ҷониби роҳбарият, фикри айбдоркуниро ҷонибдорӣ менамоянд.

Бар пояи иттилои Додгоҳи олии Қазоқистон, соли 2014 чаҳорсаду ҳафтоду ҳашт ҳукми сафед (1,8 дарсад) содир шуда, соли 2015 ин нишондод 2,2 дарсадро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG