Ссылки доступа

Росавиатсия манъи парвозҳои мудовимро ба Туркия бекор кард


Идораи Росавиатсияи Русия сар аз 22 июл дубора ба роҳ мондани парвозҳои мудовимро аз Русия ва Туркия иҷозат дод. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба намояндаи расмии Росавиатсия хабар медиҳад.

Қарори мазкур баъди кафолати Туркия дар бораи таъмини амнияти шаҳрвандони Русия дар фурудгоҳҳо ва ҳудуди ин кишвар, қабул шудааст.

"Аэрофлот" дубора фурӯши чиптаҳо ба самти Истамбул ва Анатолиро шуруъ кардааст.

Парвозҳои мудовими ширкатҳои Русия ба Туркия баъди талоши табаддулоти нофарҷоми низомӣ дар ин кишвар, ки шаби 16 июл рух дод, муваққатан қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG