Ссылки доступа

КБО на ҳамаи варзишгарони Русияро аз Олимпиадаи Бразилия маҳрум мекунад


Кумитаи байналмилалии Олимпӣ (КБО) бар ин қарор расид, ки на ҳамаи варзишгарони Русияро аз ширкат дар бозиҳои Олимпии Бразилия маҳрум насозад. Бозиҳои Олимпӣ дар Бразилия аз 5 то 21 август баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз қарори КБО бармеояд, барои он ки варзишгарони Русия ба бозиҳо роҳ ёбанд, бояд чанд шартро иҷро кунанд.

Шарти асосӣ - дарёфти ризоияти федератсияи байналхақии наъви варзишест, ки варзишигари рус дар он навъ баромад мекунад. Бо ин вуҷуд, аз санҷиши допинг гузаштани варзишгар, ҳанӯз кафолат намедиҳад, ки вай дар бозиҳо роҳ дода шавад, омадааст дар ҳуҷҷат.

Ҳафтаи гузашта варзишгарони Русия натавонистанд, ки дар баҳси Додгоҳи ҳакамии варзишӣ дар Лозанне ширкаташонро дар бозиҳои Олимпӣ таъмин кунанд. Раёсати КБО рӯзи якшанбе ҷаласаи телефонӣ баргузор кард.

Маҳрум кардани Русия аз ҳуқуқи ширкат дар бозиҳои Олимпиро 10 федератсияи варзишӣ ва варзишгарони маъруф хоста буданд. "Низомии допингии Русия - ҷинояти мудҳиш зидди ҳаракати Олимпӣ аст ва Русия ҳатман мубояд муҷозот шавад", - мегӯяд варзишагри бритониёӣ Адам Пенгилл.

XS
SM
MD
LG