Ссылки доступа

Тоҷикистон боз як кони тиллоро дар ихтиёри Чин гузошт


Ширкати ТВЕА-и Чин иҷозатномаи истихроҷи тилло дар кони "Дуобаи шарқӣ"-и ноҳияи Айнии Тоҷикистонро ба даст овард.

Ин ширкат то кунун танҳо аз ҳаққи омӯзиши таркиби ду мавзеи тилло дар ноҳияи Айнӣ – "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло" – бархӯрдор буд ва акнун баъди мушаххас шудани миқдори захираи тилло дар "Дуобаи шарқӣ" иҷозаи истихроҷро низ дарёфт кард.

Чин аз 17 кони тиллои Тоҷикистон то ҳол иҷозаи истихроҷ дар 7 тоашро ба даст овардааст. Тоҷикистон ба ТВЕА дар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки бо харҷи тақрибан 30 миллион доллар бунёд шудааст, иҷозаи омӯзиши геологии ду мавзеи тиллоро дода буд.

Масъулини Саридораи геологияи Тоҷикистон рӯзи 22 гуфтанд, ширкати ТВЕА танҳо дар сурати дақиқ муайян кардани захираҳои кони дувум – "Кумарғи боло" – метавонад барои истихроҷи тилло иҷозатнома гирад.

Константин Бондаренко, иқтисоддони тоҷик, гуфт, омадани ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддат шояд ба рушди иқтисод кумак кунад, “аммо дар дарозмуддат ин раванд барои кишвар чандон паёмади хуб надорад”. Бондаренко мегӯяд, бо ин шеваи кор Тоҷикистон ҳамчунон як кишвари истеҳсолкунандаи маводи хом боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG