Ссылки доступа

Ҳукми зиндони 7 сокини Намангон барои қасди пайвастан ба ДИ


Додгоҳи вилояти Намангони Ӯзбекистон 7 сокини маҳаллиро барои қасди сафар ба Сурия ва ҷангидан ба ҷонибдории созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) аз 5 то 9 сол зиндонӣ намудааст.

Ин гуруҳ гӯиё зери раҳбарии Маҳмадюсуф Маҳмудов, шаҳрванди Ӯзбекистон ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будан тариқи “Одноклассники” бо намояндагони созмони террористии “Давлати исломӣ” робита барқарор карда, нақшаи пайвастан ба онро доштаанд.

Ба гуфтаи манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Намангон, раҳбари ин гуруҳ Маҳмадюсуф Маҳмудов 9 сол зиндонӣ шуда, боқӣ барои аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

Манбаъ мегӯяд, ин афрод баъди бозгашт ба Ӯзбекистон ва кашидани нақшаи сафар ба Сурия дастгир шудаанд. Бино ба иттилои муфаттишон, мақомоти амниятии Ӯзбекистон номаҳои ин гуруҳ дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва мулоқоташон дар вилояти Намангонро пайваста пайгирӣ менамудааст.

Хабаргузории русии “Интерфакс” бо истинод ба манбааш дар додситонии Намангон иттилоъ додааст, ки аъзои гуруҳи мазкур худро “ҷиҳодиён” номидаанд. “Ҳангоми мулоқот онҳо идеяҳои экстремистиро баррасӣ карда, сабтҳои даъвати руҳониёни ифротӣ ба ҷиҳодро пайдо ва гӯш менамудаанд”, - афзудааст хабаргузорӣ.

XS
SM
MD
LG