Ссылки доступа

Чаҳор беморхонаи саҳроӣ дар Ҳалаби Сурия бомбаборон шуд


Наздики 20 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба беморхонаҳои Ҳалаби Сурия маҷруҳ шуданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба Назоратгоҳи ҳуқуқи инсон дар Сурия иттилоъ медиҳад.

Чаҳор беморхона ва як нуктаи хунгузаронӣ зери ҳамлаҳои ҳавоӣ монданд. Се беморхона дар минтақаи зери назорати шӯришиён дар шарқи Ҳалаб қарор дошт. Як беморхонаи дигар дар минтақаи зери назорати нерӯҳои ҳукуматӣ воқеъ будааст.

Назоратгоҳи ҳуқуқи инсон дар Сурия хабар медиҳад, ки бомбаборонро нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад ва нерӯҳои ҳавоии Русия анҷом додаанд.

Ҳалаб, дувумин шаҳри бузургтарини Сурия ба ду қисм тақсим шудааст - як қисмро нерӯҳои Башор Асад дар идора доранд, қисми дигарро мухолифони ин кишвар. Ҳафтаҳои охир нерӯҳои ҳукуматӣ фишорро нисбати мухолифон бештар кардаанд. Ҳафтаи гузашта нерӯҳои Башор Асад ягона роҳи асосиро бастанд. Ба ин тартиб садҳо одам аз кумаки тиббӣ ва ғизоӣ маҳрум шуданд.

Моҳи июн намояндагони Пентагон амали нерӯҳои ҳавоии Русияро дар Сурия танқид карда, гуфтанд, зарбаҳои ҳавоӣ зидди нерӯҳои мухолифи ин кишвар "хилофи уҳдадориҳои Русия" аст.

XS
SM
MD
LG