Ссылки доступа

Бо дархости Тоҷикистон Интерпол раҳбари ҲНИТ-ро меҷӯяд


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ - Муҳиддин Кабирӣ, таҳти пайгарди Интерпол - пулиси байналмилалӣ - қарор гирифтааст.

Дар як нишасти хабарие Раҳимзода афзуд, мақомоти Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ бо кишварҳои аъзои Интерпол гуфтугӯ кардааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоми мушаххас алайҳи раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ суҳбат накард, аммо гуфт, онҳо бо кишварҳое, ки эҳтимол меравад Муҳиддин Кабирӣ аз ҳудудашон убур кунад, низ дар бораи боздошт ва истирдоди ӯ ҳамкорӣ доранд.

"Дар маҷмуъ, 342 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти пайгарди Интерпол ҳастанд, ки 275 нафари онҳо аъзои гуруҳҳои ифротгарову террористӣ ҳастанд," - илова кард вазир. Вале дар сомонаи Интерпол расман 160 зодаи Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ буда, дар миёни онҳо номи Муҳиддин Кабирӣ дида намешавад.

Мақомоти Тоҷикистон масъулияти ошӯби мусаллаҳонаи сентябри соли 2015-ро бар дӯши ҲНИТ гузошта, ин ҳизбро дар сармоягузории талоши табаддулоти давлатӣ айбор карданд. Мурофиаи додгоҳии аъзои ин ҳизб, ки мо июни имсол ба охир расид, бо ҳабси абади ду муовини Кабирӣ анҷомид. Боқии аъзои раёсати олии ҲНИТ аз 2 то 23 сол зиндонӣ шуданд. Ҳам аъзои раёсати олӣ ва ҳам худи Муҳиддин Кабирӣ аз ибтидо даст доштанашонро дар ошӯби субҳи 4 сентябр рад мекарданд. Кабирӣ баъди интихоботи порлумонӣ дар баҳори соли 2015 Тоҷикистонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG