Ссылки доступа

Даъвати роҳбари "Ал-Қоида": шаҳрвандони кишварҳои Ғарбиро гаравгон гиред


Айман аз-Завоҳирӣ, роҳбари "Ал-Қоида" аз ҷангҷӯён даъват кардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро гаравгон бигиранд ва онҳоро бо мусалмонҳои зиндонӣ мубодила кунанд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба иттилои гуруҳи байналхалқии мониторингии SITE, ки ба таҳқиқи сомонаҳои исломӣ машғул аст, хабар медиҳад.

Дурустии ин видео-муроҷиатро Reuters натавонистааст тасдиқ кунад.

Эҳтимол меравад, ки роҳбари "Ал-Қоида" дар наздикии марзи Афғонистону Покистон, ҷое ки такягоҳ ва пойгоҳҳои Толибон ҷойгир аст, паноҳ бурда бошад.

XS
SM
MD
LG