Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зидди қарори Додгоҳи олӣ дар бораи Аскаров, эътироз карданд


Дар ноҳияи Бозор-Коргони Қирғизистон зидди қарори Додгоҳи олии ин кишвар, ки парвандаи маҳбуси маҳкум ба ҳабси абад Азамҷон Аскаровро ба додогоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон барои баррасии дубора фиристодааст, иқдоми эътирозӣ баргузор шуд. Дар ин бора шуъбаи корҳои дохилии ноҳия хабар медиҳад.

Дар ин иқдом наздики 100 эътирозгар ширкат кардааст. Онҳо аз қарори Додгоҳи олӣ ба хашм омада, талаб доранд, ки ҳукми Аскаров бе тағйир боқӣ монад.

Аскаров дар ноҳияи Бозор-Коргони Қирғизистон ба сар мебурд ва ба фаъолияти вакилӣ дошт. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 вай бо гумони ташкили бетартибиҳо ва даст доштан дар куштори корманди пулис боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки Аскаров аз зиндон раҳо ва ҳукми додгоҳ нисбати вай бекор шавад.

12 июл Додгоҳи олии он кишвар қарор кард, ки парвандаи Аскаров ба додгоҳи вилояти Чуй барои бозрасии дубора фиристода шавад. Дар ҷараёни баррасии парвандаи Аскаров дар зиндон боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG