Ссылки доступа

Раҳбари GM Uzbekistan-и баҳсбарангез иваз шуд


Рустам Раҷабов раҳбари нави корхонаи муштараки мошинсозии Ӯзбекистону Амрико- GM Uzbekistan расман таъйин шудааст. Дар ин бора Портали ягонаи корпоративии иттилоотӣ хабар додааст. Вай 18 июл зимни ҷаласаи умумӣ барои 90 рӯз раҳбари иҷроия интихоб шуда буд.

Раҷабов кор дар ин симматро 20 июл оғоз намуд. Зеро зидди Тоҳирҷон Ҷалилов, раҳбари пешини GM Uzbekistan моҳи апрели соли равон тафтишот оғоз гардид.

Тоҳирҷон Ҷалилов, ки аз соли 2010 инҷониб ширкати мошинсозиро раҳбарӣ мекард, охирҳои моҳи апрели соли равон бо айби аз худ кардани пулҳои корхона аз роҳи қаллобӣ дастгир шуд. Вай дар "ташкили нақшаи содироти ғайриқонунии мошин ба Русия" айбдор мешавад.

Қаблан як манбаъ аз Корхонаи давлатии саҳомии "Ӯзавтосаноат" гуфта буд, ки баъди боздошти Ҷалилов пешниҳод шуд, дар корхона як шахси бегона раҳбар таъйин карда шавад.

"Пешниҳод дар бораи таъйин шудани як раҳбари нав аз берун, ки бо нақшаи ҷиноӣ ҳеч пайванд надошта бошад, рад гардид. Зеро вазъ дар корхона ба ҳадде печида аст, ки нафаре аз берун омада шояд онро печидатар мекард. Аз ин рӯ, муваққатан Рустам Раҷабов, ки таҷрибаи 20 соли кор дар ин корхонаро дорад, раҳбар интихоб шуд. Ҳоло ӯ ба муфаттишон барои ифшои нақшаи ҷиноӣ кумак мекунад", - гуфт манбаъ.

XS
SM
MD
LG