Ссылки доступа

Дар "Туркманнефт" ихтисори кормандон ва соати корӣ оғоз шуд


Дар ҷаласаи охири чанд зерсохтори ширкати "Туркменнефт"-и Туркманистон роҳбарият эълон кардааст, ки қисме аз кормандон аз кор хориҷ хоҳанд шуд ва ҳамчунин рӯзи корӣ кутоҳ хоҳад гардид.

Ба вижа, дар раёсати таъмириву сохтмонии ширкати давлатӣ сар аз 1 сентябр ҳамаи кормандони идорӣ ба рӯзи кории 4-соата гузаронида мешаванд ва 75 корманд комилан озод карда хоҳанд шуд.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, тартиби муайяне дар ин ихтисор вуҷуд надорад. Дар ҳар бахше бо шеваи худ рафтор мекунанд, дар аксари маврид хоҳиши роҳбарият авлавият дорад. Барои он ки ихтисори сартосарӣ рух надиҳад, барои бархе аз кормандон рӯзи кории нопурра пешниҳод мекунанд. Ҷое кормандонро ба ду гуруҳ тақсим кардаанд: қисме ҳафтаи кориро шуруъ мекунад қисми дигар онро ба охир мерасонад.

Дар бархе аз шуъбаву бахшҳо комилан аз баҳри нафақахӯрон гузаштаанд. Акнун навбати афроди синну соли наздик ба нафақа расидааст.

Ёдрас мешавем, 15 июл дар ҷаласаи девони вазирони Туркманистон президенти ин кишвар вазорати нафту газ ва ҳамчунин оҷонсии давлатии идора ва истифодаи захоири табииро барҳам дод.

XS
SM
MD
LG