Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон эътимоди мардум ба бонкҳо кам мешавад


Мақомоти Бонки миллӣ гуфтанд, ки дар пайи душвориҳои молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ва мушкили пардохти маошу пасандозҳо ба муштариёни ин бонк эътимоди мардум ба бонкҳо то андозае коҳиш ёфтааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, маҳз ба дунболи ҷорӣ шудани маъмурияти муваққатӣ вазъияти молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” то ҳадде ба эътидол омада ва ба 12 ҳазор муштарӣ маблағҳои музди меҳнат пардохт шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, "ба миқдори 45 миллион сомонӣ ба “Тоҷиксодиротбонк” бозгардонда шуда ва муддати пардохти 115 миллион сомонӣ пасандозҳо тамдид гардидааст. 17 миллион сомонӣ низ ба “Тоҷпромбонк” бозгардонда шуданд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҷорӣ шудани маъмурияти муваққатиро ба ин ду бонк чораи зарурӣ хонд, ки ташкилотҳои қарзиро аз муфлисшавӣ наҷот додааст. "Агар ин бонкҳо маъмурияти хуб медоштанд, ба чунин вазъ дучор намешуданд. Муддати маъмурияти муваққатӣ 18 августи соли ҷорӣ ба охир расида ва мумкин аст, дар ҳолати зарурӣ тамдид шавад", - мегӯяд вай.

Раиси Бонки миллӣ сару садоҳоро дар бораи имкони муфлисшавии “Агроинвестбонк”, дигар аз бонкҳои бузурги Тоҷикистонро бепоя хонда ва гуфт, танҳо дар ин замина “овозаҳои бардурӯғ” вуҷуд доранд.

XS
SM
MD
LG