Ссылки доступа

Дар Қазоқистон роҳсозон се моҳ аст, ки маош нагирифтаанд


Коргароне, ки ба сохтани шоҳроҳи Марказ-Шарқ дар вилояти Павлодари Қазоқистон машғуланд, талаби маош доранд. Ба гуфтаи онҳо, 450 коргар аллакай се моҳ аст, ки моҳона нагирифтаанд.

Корҳои сохтмонии қитъати Қизилорда-Павлодар-Успенка-сарҳади Русия, ки 25 километрро дар бар мегирад, қатъ шудааст.

- Ҳамаи коргарон соҳиби оила ҳастанд, фарзандонашонро бояд ба мактаб омода кунанд. Мавсими сохтмон дар Павлодар кутоҳ аст, мо аллакай як моҳро беҳуда сипарӣ кардем. Наметавонем, ки корро пешбарем ва на метавонем, ки маош гирем, - мегӯяд механик Николай Лаптев.

Корҳои сохтмонии ин қитъаро бо фармоиши "НК КазАвтожол" ширкати "Автодорсервис" амалӣ мекунад. Ин ду ширкат миёни ҳамдигар баҳси додгоҳӣ доранд.

XS
SM
MD
LG