Ссылки доступа

Ҳавопаймо бо нерӯи офтобӣ даври дунёро гашт


Ҳавопаймое, ки бо нерӯи офтобӣ ҳаракат мекунад, даври дунёро гардида, 26 июл дар Абу-Дабӣ фуруд омадааст. Ин ҳавопаймо аз ҳамин нукта як сол пештар сафарашро шуруъ карда буд ва бештар аз 40 ҳазор километро тай кардааст.

Ҳавопаймои офтобии Solar Impulse-2, ки дар Швейтсария сохта шудааст, дар муддати парвоз 16 бор фуруд омада, бо суръати 50 мил дар соат ҳаракат кардааст. Дар ин муддат як қатра сузишворӣ ҳам харҷ накардааст.

Ҳавопаймо бо 17 248 батареи офтобӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки ба чаҳор муҳаррики барқӣ нерӯ медиҳанд. Шабона ҳавопаймо бо нерӯи захирашуда дар батареяҳо ҳаракат мекунад. Вазни ҳавопаймо гарон нест, аммо болҳои он баробар бо болҳои Boeing 747 аст.

Сайҳати Solar Impulse-2 бидуни мушкил анҷом нашудааст. Сарнишинон наздики нуҳ моҳ анҷомёбии таъмири онро мунтазир шудаанд. Ҳангоми ҳаракат аз Ҷопон ба Ҳавай батареяҳои ҳавопаймо аз кор баромадаанд. Уқёниси Атлантикаро ҳавопаймо дар муддати 70 соат убур кардааст.

Сармоягузори асосии ин сайёҳат - лоиҳа 100 миллион доллар арзёбӣ мешавад - ширкати давлатии Абу-Дабӣ дар умури технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза, будааст.

XS
SM
MD
LG