Ссылки доступа

Дар Хуҷанд мансабдорони заминфурӯш авф шуданд


Мақомоти тафтишотии шаҳри Хуҷанд нисбати айбдоршавандагони парвандаи заминфурӯшӣ, ки миёни онҳо мақомдорони сатҳи баланди ҳукумати Хуҷанд ҳам буданд, авф татбиқ кардааст.

Аз ин қарори мақомоти тафтишотӣ ҷабрдидагон нигарон шуда, талаб доранд, ки парванда дубора баррасӣ шавад. Дар маҷмуъ дар ин парванда 33 ҷабрдида зикр шудааст.

Вакили дифоъ Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, 11 ҷабрдида талаб доранд, ки парванда нисбати бархе аз мақомдорони сатҳи баланд дубора баррасӣ шавад. Миёни ин айбдоршавандагон Додоҷон Абдуллоев, ноиб-раиси пешини Хуҷанд, Абдухалил Ёрматов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд, ки нисбати инҳо қонуни авфи соли 2014 татбиқ шудааст, ҳастанд.

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ҳоло ба хотири ҳамаҷониба баррасӣ шудани парванда ва барои ҷалби афроди масъули дигаре, ки дар вақти омода кардани санадҳои тақаллубӣ ва мӯҳру имзоҳо ширкат карда ва мардумро фиреб додаанд, ба Додситонии кулл ва раисиҷумҳури Тоҷикистон нома ирсол дошта ва дархост мекунад, ки дар ҳалли ин қазия мусоидат намоянд.

Ҳодисаи заминфурӯшӣ баъди оне ки миёнарав Муин Мансуров 29 январи соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари пора аз як ҷабрдида боздошт шуд, ошкор гардид.

XS
SM
MD
LG