Ссылки доступа

Аз хонаи раиси Хадамоти гумруки Русия 66 миллион пайдо карданд


Андрей Белянинов, раиси Хадамоти федеролии гумруки Русия, ки ҳангоми кофтукоби манзили ӯ 66 миллион рубл пайдо карданд, гуфтааст, ин пулҳо пасандози хонаводагияш ҳастанд.

Дар ин бора РЕН ТВ бо истинод ба манбааш иттилоъ додааст.

Нашрияи "Газета.ру" аксҳои хонаи боҳашамати раиси Хадамоти федеролии гумруки Русияро, ки ҳангоми кофтукоб гирифта шудаанд, нашр кард. Тавре дар аксҳо дида мешавад, хона лаби соҳиле ҷойгир буда, ҳатто бандаргоҳи шахсӣ низ дорад. Дар ин аксҳо ҳамчунин бастаҳои рубл низ омадаанд.

Қаблан телевизиони "Дожд" бо истинод ба манбааш навишта буд, ки Белянинов аллакай ним сол мешавад, аризаи истеъфояшро навиштааст. Вале Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар ин бора изҳори беиттилоӣ кард.

Бино ба хабарҳо, кофтукоби манзили Белянинов дар доираи парвандаи қочоқи нӯшокиҳои спиртӣ сурат гирифтааст, ки қаблан бар пояи он тоҷири петербургӣ ва раҳбари ширкати "Форум" Дмитрий Михалченко ва муовинаш Борис Коревский дастгир шуда буданд.

XS
SM
MD
LG