Ссылки доступа

Дар Остона беш аз 90 сомона барои "тарғиби терроризм" баста шуд


Додситонии Остонаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар ин кишвар бо қарори додгоҳ дастрасӣ ба 94 сомонае, ки ба "тарғиби терроризму экстремизм" машғул буданд, баста шудааст.

Аз ибтидои соли ҷорӣ ба додгоҳи ноҳияи Есили Остона наздик 20 даъво бо талаби ғайриқонунӣ эътироф кардани маводе, ки дар сомонаҳои алоҳидаи хориҷӣ нашр шудаанд, ворид гардида ва талаб карда шудааст, ки аз паҳншавии онҳо дар ҳудуди Қазоқистон пешгирӣ карда шавад, хабар медиҳад маркази матбуотии додситонии Остона.

"Дар пайи баррасии даъвоҳо 94 сомонае, ки ба тарғиби терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ машғул буданд, баста шуданд", - омадааст дар хабар.

Ин даъвоҳоро Кумитаи давлатии назорати иртиботот, иттилоот ва расонаҳои Вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон ба додгоҳ бурдааст.

XS
SM
MD
LG