Ссылки доступа

Боздошти ду сокини Намангон барои таълими Қуръон


Кормандони пулис ва Хадамоти амнияти милли Ӯзбекистон дар шаҳри Намангон ду нафарро дастгир кардаанд, ки дар хонаҳояшон ба кӯдакон ғайриқонунӣ Қуръон меомӯзондаанд.

Дар ин бора бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ бо истинод ба манбааш дар мақомоти қудратӣ ва Идораи мусулмонони ҳамсоякишвар иттилоъ додааст. Яке аз боздоштшудаҳо ҷарима шуда, нисбати дувумӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Рӯзи 17 июли соли равон кормандони пулис ва амният ба манзили Акмал Аҳмадҷонов, сокини кӯчаи Амири шаҳри Намангон дохил шуда, дар натиҷа Аҳмадҷонови 23-сола ва се ҷавонеро, ки наздаш Қуръон меомӯхтанд, дастгир намудаанд.

Ба ҷуз ин, кормандони мақомоти қудратии Ӯзбекистон рӯйхати 20 нафареро ҳам дарёфт кардаанд, ки дар хонаи Аҳмадҷонов таълими динӣ мегирифтаанд.

Баъди 5 соати амалиёти мазкур кормандони пулис ва Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ба манзили рӯҳонӣ "Эшон-дада", сокини кӯчаи Янгиободи Намангон ворид гардидаанд. Дар натиҷа 30 талабаи ӯ, ки хурдтаринашон 6 сол дорад, дастгир шудааст.

"Омӯзгор тахминан соатҳои 10-и шаб дастгир шуд. Вале бо назардошти синну солаш, кормандони мақомоти қудратӣ набераи ӯро, ки фардои он рӯз баъди пардохти ҷарима озод гардид, ба шуъба бурданд. Ҳангоми амалиёт дар манзили Муҳсин Ҳасанови 87-сола 30 талаба ҳузур дошт, ки дар рӯйхат танҳо исми 24 тоашон оварда шуда буд. Азбаски баъзеи онҳо фарзандони мансабдорони баландпоя ҳастанд, номашон дар рӯйхат зикр нашудааст", - гуфт манбаъ.

XS
SM
MD
LG