Ссылки доступа

Ҳиллари Клинтон – номзади Ҳизби демократ ба мақоми президентии ИМА


Ҳиллари Клинтон нахустин зане дар таърихи Иёлоти Муттаҳида гардид, ки номзадиашро яке аз ду ҳизби умдаи сиёсии ИМА ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.

Баъди пахши хабари дарёфти 2382 раъйи зарурӣ аз сӯи Ҳилларӣ Клинтон шоми сешанбеи 26 июл рақиби асосии ӯ сенатор аз Вермонт Бернӣ Сандерс зери кафкӯбиҳои аҳли толор хонум Клинтонро номзади Ҳизби демократ ба мақоми президентии ИМА эълон кард.

Ин амалкарди Сандерс барои намоиши якдилии аъзои ҳизб хело муҳим буд, зеро ҷонибдорони ӯ дар ҷараёни праймериз ваъда дода буданд, ки дар анҷумани ҳизб дар Филаделфия аз Клинтон ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.

Бар пояи назарсанҷие, ки бо фармоиши нашрияи The Wall Street Journal гузаронида шуд, 55 дарсади пурсидашудаҳо нисбат ба Ҳиллари Клинтон назари манфӣ доранд. Ин нишондод дар муқоиса бо рейтинги Доналд Трамп 5 дарсад кам аст. Ҳадафи суханронии Мишел ва Барак Обамаҳо, Билл Клинтон ва Берни Сандерс дар анҷумани Ҳизби демократ намоиши номзади ҳизб ба сокинони кишвар аз нигоҳи мусбат буд.

XS
SM
MD
LG