Ссылки доступа

Дар вилояти Акмолин чаҳор террористи эҳтимолиро меҷӯянд


Дар вилояти Акмолини Қазоқистон бо гумони анҷом додани амали террористӣ чаҳор нафарро меҷӯянд, хабар медиҳад додситонии вилоятӣ. Дар хабари додситонӣ омадааст, ки аз ибтидои соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти қудратӣ панҷ тафтиши ибтидоии марбут ба ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ анҷом дода шудааст.

Дар ин хабар ҳамчунин омадааст, ки "терроризм ба ҳаёти рӯзмарраи ҷамъияти Қазоқистон шомил шудааст" ва ба амнияти миллии кишвар хатари ҷиддӣ ба бор овардааст.

Изҳороти додситонии вилоятӣ дар пасманзари эълони сатҳи "зард"-и хатари террористӣ дар ин кишвар садо медиҳад. Сатҳи "зард"-и хатар баъди ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Оқтеппа, ки тибқи иттилои расмӣ, чаҳор сокини осоишта ва се низомӣ кушта шуд, эълон гардида аст.

Додситонӣ аз сокинон даъват кардааст, ки дар мубориза бо терроризм ба мақомот кумак расонанд. Ба вижа, дар бораи ашёи ношинос дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва афроде, ки "нияти анҷом додани амали террористиро доранд", ба мақомот хабар расонанд.

XS
SM
MD
LG