Ссылки доступа

Дабири кулли СММ ба созиши Олимпӣ даъват кард (видео)


Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аз ҳамаи ҷонибҳои низоъ даъват кард, ки созиши Олимпӣ эълон карда, силоҳҳоро ба замин бигзоранд ва замони бозиҳои тобистонаи Олимпӣ нофаҳмиҳоро фаромӯш созанд, хабар медиҳад Мавҷи Олмон.

"Сулҳ аз мо оғоз мешавад", - гуфтааст вай дар як муроҷиати видеоӣ, ки 26 июл дар Twitter нашр гардид.

Роҳбари созмони ҷаҳонӣ афзудааст, ки Кумитаи байналхалқии Олимпӣ ва СММ "ба хотири ҳамоҳангии ҷаҳонӣ ва сулҳ" ҳамкории наздикро ба роҳ мондаанд.

"Ман ҳамаи варзишгарон ва ҳамаи мухлисонро, ки нишастгоҳҳои варзишгоҳҳои Риоро дар ҳафтаи оянда пур мекунанд, табрик менамоям. Бозиҳои Олимпӣ ва Паролимпӣ эҳсосҳои хуши инсонҳоро бедор мекунанд", - гуфтааст Пан Ги Мун.

Ассамблеи генералии СММ, ки 193 кишвар узви он ҳастанд, аз соли 1993 ба ин сӯ қатъномаи созиши Олимпӣ қабул мекунад, аммо сарфи назар аз ин ҷангҳо хотима намеёбанд.

XS
SM
MD
LG