Ссылки доступа

Дар робита ба заҳролудшавии хонандагон парванда боз шудааст


Додситонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зидди корманди корхонаи безараргардонии ҳашарот Саъдӣ Ҳукмиддинов ва директори мактаби №3-и ҳамин ноҳия Амриддин Назриев барои заҳролуд шудани хонандагони мактаб парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Абдуҷаббор Мирзоев, додситони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сешанбеи 26 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, Ҳукмиддинов ва Назриев бар пояи моддаи 207, қисми 1, яъне вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, айбдор мешаванд.

"Парвандаи ҷиноӣ ба он хотир нисбати роҳбари мактаб ва корманди корхонаи безарагардонии ҳашарот кушода шуд, ки онҳо бе ягон ҳуҷҷат ва созиши ҳукумат рафта ба синфхонаҳо дору пошиданд. Ҳоло тафтишот идома дорад", - гуфт Мирзоев.

Рӯзи 26-уми май ба хотири нобуд кардани ҳашароти зараррасон дар бинои мактаби шумораи 3-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин заҳрдоруҳо пошида шуда, дар натиҷа ҳудуди 75 хонанда замони дарс аз ҳуш рафтанд, ки ин ҳолат як ҳафта идома кард ва бо ёрии табибон бештари заҳролудшудаҳо наҷот ёфтанд.

XS
SM
MD
LG