Ссылки доступа

Беш аз 100 расона дар Туркия баста мешавад


Мақомоти Туркия рӯзи чаҳоршанбе эълон карданд, ки беш аз 100 воситаи ахбори оммаи миллӣ дар ин кишвар баста мешавад.

Бино ба иттилои CNN Turk, се хабаргузорӣ, 16 шабакаи телевизионӣ, 30 нашриёт ва беш аз 40 рӯзнома фаъолияташонро қатъ мекунанд.

Қатъи фаъолияти ин воситаҳои ахбори омма ба вазъи фавқулодда, ки баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия эълон гардид, рабт дорад. Баъзеи ин нашрияҳо ба ҳайати маҷмуи расонаҳои Feza, ки ба шахсони наздики Фатҳуллоҳ Гюлен марбут аст, шомил мешаванд. Мақомоти Туркия Гюленро дар кӯшиши табаддулоти нофарҷом айбдор мекунанд.

Шаби 15 ба 16 июли соли равон дар Туркия кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт, ки мақомот тавонистанд сади роҳаш шаванд. Бо гумони даст доштан дар он беш аз 15 ҳазор одам дастгир гардид. Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Туркия беш аз якуним ҳазор низомиро, ки миёнашон садҳо афсари баландрутба ҳам ҳаст, аз кор озод карданд.

XS
SM
MD
LG