Ссылки доступа

Созмони "Голос" дар Москва, ки пештар "агенти хориҷӣ" эътироф шуда буд, барҳам хурд


Додгоҳи Преснени Москва рӯзи чаҳоршанбе қарор кард, созмони иҷтимоии "Голос", ки ба мониторинги интихоботҳо дар Русия машғул буд, барҳам дода шавад. Даъвои баста шудани созмон аз сӯи вазорати адлияи Русия ба додгоҳ ворид шудааст, хабар медиҳад "Интерфакс".

Дар аризаи вазорати адлия даъво шудааст, ки оинномаи "Голос" қонун дар бораи созмонҳои иҷтимоиро вайрон мекунад. Вазорат гуфтааст, созмони мазкур фаъолияти сиёсӣ анҷом медиҳад.

Пештар аз ин "Голос"-ро барои мавҷуд набудани навиштаи "агенти хориҷӣ" дар ҳуҷҷатҳояш се маротиба дар маҷмуъ дар ҳаҷми бештар аз як миллион рубл ҷарима баста буданд. Созмони мазкур се маротиба барои хориҷ шудан аз рӯйхати "агентҳои хориҷӣ"-и вазорати адлия ариза пешниҳод карда буд, аммо ҳар бор ҷавоб рад гирифтааст.

Раванди барҳамдиҳии созмон ним сол давом кард. Ҳуқуқшиноси "Голос" Максим Крупский мегӯяд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Дар сурати комилан барҳам хурдани созмон, кормандони он дар ҳайати ҳаракати ҳифзи ҳуқуқи раъйдиҳандагони "Голос", ки соли 2013 таъсис шудааст, фаъолияташонро идома хоҳанд дод.

Созмони "Голос" нахустин созмонест, ки иҷборан шомили рӯйхати вазорати адлия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" шудааст. Вазорати адлия бахши молии ҷоизаи Сахаровро, ки кумитаи Хелсинки ба созмон эъто кард, ҳамчун сармояи хориҷӣ эътироф кард. Ҳарчанд созмон аз бахши молии ҷоиза даст кашида буд.

XS
SM
MD
LG