Ссылки доступа

Ҳайати тими Русия дар Бозиҳои Рио 31 июл муайян мешавад


Ҳайати тими Русия дар Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро рӯзи 31 июл муайян мешавад, хабар медиҳад роҳбари Кумитаи Олимпии Русия (КОР) Александр Жуков.

Вай гуфтааст, ҳанӯз на ҳамаи федератсияҳои байналхалқии варзишӣ дар мавриди ширкати варзишгарони Русия дар Олимпиада қарори ниҳоӣ қабул кардаанд. Жуков афзудааст, ҳайатҳои баъзе аз навъҳои варзиш, ба вижа, варзиши сангин, камшумор хоҳад буд.

Пештар аз ин КОР хабар дода буд, ки ба бозиҳои Олимпӣ наздики 270 варзишгари рус иҷозат ёфтаанд.

18 июл Агентии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) гузоришеро дар бораи амдан пинҳон кардани натиҷаҳои мусбати санҷиши допинг дар ташхисгоҳҳои зиддидопингии Русия нашр кард. WADA мегӯяд, дар ин кор Хадамоти амнияти федеролии Русия низ даст доштааст.

Сарфи назар аз ин, Кумитаи байналхалқии Олимпӣ (КБО) қарор кард, ки на ҳамаи варзишгарони Русия аз Бозиҳои Рио-де-Жанейро барканор шаванд. КБО қарори ниҳоиро дар ихтиёри федератсияҳои байналхалқии варзишӣ гузошт. Федератсияҳо аллакай бештар аз 100 варзишгари русро аз ширкат дар Бозиҳо маҳрум кардаанд.

XS
SM
MD
LG