Обама гуфт, таҷрибаи андухтаи Клинтон ба ҳайси котиби давлатӣ, барои мисол, замоне, ки қарори маҳви раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Усома бин Лодин қабул шуд, ӯро ба як инсони олии ба маснади президентии ИМА омодашуда табдил додааст.
"Ҳатто дар авҷи буҳрон вай ба ҳарфи одамон гӯш медиҳад, хунсардиашро ҳифз мекунад, бо ҳама бо эҳтиром муносибат мекунад... Ин Ҳиллари Клинтон аст, ки ман медонам ва эҳтиромаш мекунам. Аз ҳамин хотир ман бо боварии комил метавонам бигӯям, ки ҳаргиз дар таърихи давлати мо инсони бомасъулияттаре - хоҳ зану хоҳ мард - ки ба мақоми президентӣ талош варзад, набудааст", - гуфт Обама.
Суханронии Обама таърихӣ баҳо дода шудааст. Расо 12 сол пеш як вакили ношинос аз Иёлати Иллинойс дар анҷуман суханронии пурмуҳтавое анҷом дод. Аз он замон вай таваҷҷуҳи кишварро ба худ ҷалб кард.