Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ширкати бузурги мобилӣ дубора ба фурӯш гузошта шуд


100 дарсади саҳмияҳои ширкати "Алфа Телеком", молики ширкати мобилии MegaCom-ро дар Қирғизистон дубора ба фурӯш гузоштанд. Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ Бунёди идораи амволи давлатӣ хабар додааст.

Санаи музоядаи навбатӣ эълон нашудааст. Арзиши ибтидоӣ, мисли давраҳои қаблӣ, 19 миллиарду 7 миллион сом (муодили тақрибан 1,9 миллиарду 700 ҳазор сомонӣ) баровард шудааст. Чанд музоядаи қаблӣ ба далели набудани аризаи харидорон баргузор нашуда буд. Пештар аз ин ҳукумати Қирғизистон хабар дода буд, ки маблағи аз фурӯши ширкат ба даст омада, барои сохтани роҳҳои ҷумҳурӣ сарф мешавад.

Ширкати "Алфа Телеком" соли 2009 таъсис ёфта буд. Молики ширкат Алексей Елисеев буд. Соли 2010 Ҳукумати муваққатӣ 49 дарсади саҳмияҳои ширкатро соҳиб шуд. Дар соли 2014 ҳамаи 100 дарсади саҳмияҳо ба ихтиёри давлат гузаштанд.

Шумори муштариҳои MegaCom то ба 2,5 миллион мерасад. Хизматрасонии ин ширкат 90% ҳудуди кишварро фаро мегирад. Даромади софи ширкат дар сол 2 миллиард сом (наздики 200 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Аммо вазорати иқтисоди Қирғизистон мегӯяд, мумкин аст ширкат ба рақобат тоб наорад ва муфлис шавад.

XS
SM
MD
LG