Ссылки доступа

Нафткашҳои қазоқ ба корпартоӣ дар Жанаозен идома медиҳанд


Наздики 200 корманди ширкати нафткаши "Бургилау" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо нишони эътироз ба амалкарди раҳбарияташон, ки соатҳои корию ҳаҷми маошро коҳиш дода, раиси нави иттифоқи касабаро қабул надорад, корпартоӣ намудаанд.

Ин нафткашон рӯзи панҷум аст, ки даст ба корпартоӣ мезананд. Онҳо субҳи рӯзи ҷумъа дар истгоҳи Жанаозен, ки одатан аз онҷо тавассути автобус ба маҳалли корашон мераванд, дубора ҷамъ шуданд.

Яке аз таҷаммуъгарон, ки худро Буркитбой Утеев, корманди "Бургилау" муаррифӣ кард, гуфт, раҳбарияти ширкат раиси иттифоқи интихобкардаи коргарон Саудакас Беккалиевро қабул надорад.

Раиси пешини иттифоқи касабаи ин ширкат, ки дар назди таҷаммуъгарон ҳузур дошт, гуфт, аз тамоми салоҳиятҳояш даст кашидааст ва розӣ аст, ба ҷои ӯ Саудакас Беккалиев раиси нави иттифоқи касабаи "Бургилау" интихоб шавад.

Раҳбарияти корхонаи "Бургилау" ахиран гуфт, ҳангоми интихоби Бекалиев ба вазифаи раисии иттифоқи касаба меъёрҳои пешбинӣ намудаи оиннома риоя нашудаанд ва аз ин рӯ, интихобот бояд аз нав баргузор шавад.

Таҷаммуъгарон рӯзи панҷшанбе ҳамчунин талаб намуда буданд, ки Асхат Сариев, мудири кулли "Бургилау" аз вазифааш барканор шавад. Зеро ба гуфтаи онҳо, ӯ ба коргарон фишор меорад. Вале Сариев, ки худ дар назди таҷаммуъгарон ҳузур дошт, ин иддаоро беасос хонд.

XS
SM
MD
LG