Ссылки доступа

Мутобиқати Pokemon Go ба қонунгузории Русия санҷида мешавад


Бозии электронии Pokemon Go ба маҳзи барои корбарони Русия дастрас шуданаш, мутобиқаташ бо қонунгузории ин кишвар санҷида мешавад. Дар ин бора роҳбари Роскомнадзор - идораи назоратии Русия Александр Жаров дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" хабар додааст.

Ба гуфтаи Жаров, дар ҳар сурат, вай фикр намекунад, ки барномасозони ин бозӣ "ягон ҳадафи ҷосусӣ дошта бошанду аксу харитаи кишварҳоро ҷамъ биоранд".

Дар бозии Pokemon Go макони ҷуғрофӣ истифода шуда, ба харитаи смартфонҳо пайваст мешавад ва эҳсоси режими воқеиро ба вуҷуд меорад. Дар фурсатҳои наздик ин бозӣ мумкин аст дар App Store ва Google Play дастрас шавад, аммо дар интернет шеваи ҳифз кардан ва дар телефонҳо насб кардани он аллакай мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG