Ссылки доступа

Додгоҳи Лондон даъвои зидди писари президенти пешини Қирғизистонро қонеъ накард


Дар шаҳри Лондони Бритониё додгоҳе даъвои тоҷири бритониёӣ Шон Дейлиро зидди писари президенти пешини Қирғизистон Максим Боқиев қонеъ накард. Дар ин бора нашрияи бритониёӣ Oxford Times хабар медиҳад.

Шон Дейли моҳи апрели соли 2015 ба додгоҳ даъво бурда буд. Вай Боқиеви хурдиро бо он айбор мекард, ки гӯиё куштори Дейлиро фармоиш дода бошад. Додгоҳ дар ниҳоят далели қонеъкунандае пайдо накард, ки ҳамдастии Максим Боқиевро дар сӯиқасд ба ҷони тоҷир собит созад.

Соли 2006 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба ҷони намояндаи ширкати "Оксус"-и бритониёӣ Шон Дейли сӯиқасд сурат гирифта буд. Бо талоши табибон Дейли зинда монд ва баътар Қирғизистонро тарк кард.

Додгоҳи Первомайи Бишкек Максим Боқиев ва Жаниш Боқиев, бародари президенти пешинро барои ташкили сӯиқасд ба ҷони тоҷир ба ҳабси абад маҳкум карда буд. Қарори додгоҳ дар ин бора соли 2014 содир шудааст.

Тибқи иттилои тафтишот, ширкати "Оксус" дар соли 2005 иҷозаи фаъолият дар кони Ҷеруи вилояти Таласи Қирғизистонро соҳиб шуд. Аммо соли 2006 Максим Боқиев бо ҳадафи даромади шахсиаш талаб кард, ки иҷозати фаъолият дар кон ба ширкати дигар фурухта шавад.

XS
SM
MD
LG