Ссылки доступа

Ду корманди кумитаи амнияти Тоҷикистон боздошт шуд


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт кардааст. Давлатбек Хайрзода, муовини раиси Оҷонсии мазкур дар як нишасти хабарӣ ин иттилоъро тасдиқ кард.

Хайрзода "бо далели муҳри комилан махфӣ доштани ин парвандаҳо" аз ошкор кардани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. Пештар аз ин расонаҳо навишта буданд, ки кормандони кумитаи амният бо иттиҳоми ришватситонӣ боздошт шудаанд.

Давлатбек Хайрзода ҳамчунин гуфт, ки Сарпрокуратураи низомии Тоҷикистон дар робита ба дороиҳои собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода парванда боз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, то анҷоми тафтишот ҳама амволи Назарзода дар ҳабс хоҳад монд. Қимати амволи генерал Назарзода 5,3 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Хайрзода афзуд, ки мавзӯи дороиҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, аз сӯи Палатаи ҳисоб дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG