Ссылки доступа

Дар Ереван аъзои гуруҳи "Сасна тсрер" таслим шуданд


Афроди мусаллаҳи гуруҳи "Сасна тсрер", ки 17 июли соли равон бинои пулисро дар Еревани Арманистон ғасб карда буданд, ба мақомот таслим шуданд. Бино ба иттилои бахши армании Радиои Озодӣ, 20 нафар боздошт гардидааст.

Рӯзи якшанбе ҳамлагарони бинои пулис гуфтанд, ки омодаанд таслим шаванд. Ба гуфтаи яке аз раҳбарони гуруҳ - Варужан Аветисян, дар пайи задухурди мусаллаҳона бо кормандони пулис онҳо талафоти бузург дидаанд.

Аветисян ишғолгарони бинои пулисро "асирони низомӣ" хонда, аз мардуми Арманистон даъват кард, "мубориза"-ро идома диҳанд. Вай гуфт, "Сасна тсрер" вазифаи худ - "ба шӯриш хезондани мардум"-ро анҷомшуда медонад. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти махсуси Арманистон аъзои гуруҳи "Сасна тсрер"-ро террорист мехонад.

Баъди таслим шудани гуруҳи мусаллаҳ садҳо сокини Ереван ба ҷонибдорӣ аз ошӯбгарон роҳпаймоӣ намуданд.

Гуруҳи мусаллаҳи "Сасна тсрер" ду ҳафта пеш бинои пулисеро дар Ереван ғасб карданд. Дар натиҷаи он як афсар куштаву чаҳор корманди пулиси дигар маҷруҳ шуданд. Ҳамлагарон 7 нафарро ба гарав гирифта, тақрибан як ҳафта нигаҳ доштанд. Онҳо аз мақомоти Арманистон талаб карданд, Жирайр Сефилян - ҳамоҳангсози Ҳизби мухолифи “Маҷлиси муассисон"-ро озод намоянд.

XS
SM
MD
LG