Ссылки доступа

Туркия аз ИА талаб кард, то моҳи октябр визаро бекор кунад


Туркия аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) талаб кард, то моҳи октябри соли равон низоми бидуни раводид (виза) бо ин кишварро ҷорӣ намояд. Дар ғайри сурат Анқара аз иҷрои созишнома оид ба гурезаҳо даст хоҳад кашид, гуфт Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия.

Човушоғлу изҳор дошт, ки ҳукумати Туркия интизор аст, то ИА санаи дақиқи бекор кардани раводидро эълон кунад. Туркия ва ИА моҳи марти соли равон нақшаи муборизаи муштарак бо буҳрони муҳоҷиратро қабул карданд.

Бар пояи ин нақша, ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонуние, ки ба воситаи роҳи обӣ то соҳилҳои Юнон расидаанд, бояд дубора ба Туркия фиристода шаванд. Бар ивази ҳар муҳоҷире, ки ба Туркия баргардонида мешавад, кишварҳои ИА ҳар кадоме як муҳоҷири суриягиро, ки дар Туркия паноҳандаанд, мепазирад. Бар зами ин, ИА барои нигоҳубини гурезаҳо ба Анкара 6 миллиард евро ҷудо намуд.

Мақомоти Туркия баъди кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 ба 16 июл фаъолияти конвенсияи ҳуқуқи инсони Аврупоро муваққатан дар ин кишвар боз доштанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, масъалаи ҷорӣ намудани ҳукми қатл барои табаддулотгаронро баррасӣ менамояд. Аз ин рӯ, мақомоти ИА бекор кардани низоми раводид бо Туркияро дар соли равон ғайримкон медонанд.

XS
SM
MD
LG