Ссылки доступа

Президенти Радиои Озодӣ латукӯби рӯзноманигоронро дар Ереван маҳкум кард


Том Кент, президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба се корманди бахши армании ин радиоро, ки шаби 29 июл задухурд миёни кормандони пулис ва эътирозгаронро дар Ереван пӯшиш медоданд, ба шиддат маҳкум намуд.

Кент гуфт, истифодаи зӯроварӣ нисбат ба рӯзноманигороне, ки қарзи касбияшонро адо мекарданд, ӯро нороҳат кардааст ва изҳори умедворӣ намуд, ки ҷинояткорон муҷозот шуда, мақомоти Арманистон амнияти намояндагони ВАО-ро таъмин хоҳанд кард.

Ба Карлен Асланян, Ованнес Мовсисян ва Гарик Арутунян шахсоне ҳамла кардаанд, ки дар тан либоси мулкию бо чӯбдастҳои резинӣ ва калтакҳои оҳанин мусаллаҳ будаанд. Мовсисян ба воситаи телефон гуфтааст, ки яке аз ҳамлагарон нахуст пурсид: "Ту навор мегирӣ?" ва баъдан рӯзноманигорро лату кӯб ва дурбинашро шикастааст. Ованнес Мовсисян ҳамчунин аз гази ашковаре, ки пулис барои пароканда намудани эътирозгарон истифода намуд, заҳролуд ва дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ду хабарнигори дигари радио захми сабук бардоштаанд.

Ашот Агаронян, сухангӯи пулис дар саҳифаи фейсбукияш ваъда додааст, истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба рӯзноманигорони Радиои Озодӣ ва воситаҳои ахбори оммаи дигар, ки ҳаводиси Ереванро пӯшиш медоданд, зуд таҳқиқ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG