Ссылки доступа

Ӯзбекистон имсол кӯдаконро ба пахтазорҳо намебарад


Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон зимни ҷаласаи навбатияш таъкид кардааст, ки ҳангоми ҷамъоварии пахта аз нерӯи мактаббиёну хонандагони колеҷҳо истифода нашавад.

Ба гуфтаи раиси ҳукумати Ӯзбекистон, имсол ҳосили пахта дар ин кишвар танҳо бо кумаки кормандони муассиса ва корхонаҳое, ки аз ҳисоби буҷа маош мегиранд, ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

"Сарвазир ба ҳокимони вилояту ноҳияҳо, аз ҷумла намояндагони муваққатии ҳукумат дар маҳал ҷиддан дастур дод, ки ба ҳеч ваҷҳ аз нерӯи кӯдакон дар пахтазорҳо кор нагиранд ва афзуд, ҳар кадоми шумо ба сараш ҷавоб мегӯяд, агар аз нерӯи кӯдакон истифода шавад. Аз ҳоло барӯйхатгирии кормандону шаҳрвандонеро, ки ба пахтачинӣ сафарбар мешаванд, шуруъ кунед. Агар ман як кӯдакро дар пахтазор бинам, муҷозоти сангинро интизор бошед", - гуфт яке аз иштирокдорони ин ҷаласа дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Ӯзбекистон имсол ба ҷамъоварии ҳосили фаровони пахта умед дорад. Ба гуфтаи ҳокимони ӯзбек, барои ин дар соли равон тамоми шароит фароҳам шудааст.

Вале фаъолон мегӯянд, ин дастури раиси ҳукумати Ӯзбекистон ба ҳокимони вилояту ноҳияҳо даъвати анъанавии навбатиест, ки дар амал иҷро намешавад.

XS
SM
MD
LG