Ссылки доступа

Таҳдиди мустақими "Давлати исломӣ" ба нишонии Русия


Роҳбарияти созмони тундгарои "Давлати исломӣ" аз аъзои худ даъват кардааст, ки ҷиҳодро дар Русия шуруъ кунанд. Дар навори 9-дақиқаие, ки дар интернет нашр шуд, ба иттилои Reuters, ҷиҳодиён гуфтаанд, ният доранд шаҳрвандони Русияро "дар хонаҳояшон" бикушанд.

Воқеӣ будани навор ҳанӯз тасдиқ нашудааст, аммо он, тавре Reuters менависад, дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Telegram, ки аз сӯи гуруҳи ҷиҳодӣ идора мешавад, нашр гардидааст.

Дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои хунине, ки дар чанд шаҳри аврупоӣ рух дод, масъулияти онҳоро ҷиҳодиён бар уҳда гирифтанд. Ҳафтаи гузашта ҷинояткорон руҳонии масеҳии куҳансолеро дар Фаронса ба қатл расониданд. Нахуст ӯро ба зону шинонда, баъдан сарашро аз тан ҷудо карданд.

Шуруъ аз 14 июл, замоне, ки дар Нитсаи Фаронса қатли дастаҷамъии истироҳаткунандагон сурат гирифт, чаҳор рӯйдоди дигар дар Олмон рух дод. Миёни ин рӯйдодҳо ҳамлаи маргталаб ба консерти шаҳри Ансбах низ буд.

XS
SM
MD
LG